Афзоиши теъдоди соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон рушди соҳибкории инфиродӣ мушоҳида мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди соҳибкорони инфиродӣ афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон
Ҳамин тавр, тибқи омор дар 3 моҳ дар Тоҷикистон шумораи соҳибкорони инфиродӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 31 ҳазор нафар ё 5,8% зиёд шудааст.
Аз ин теъдод то 4,2 ҳазор нафар — соҳибкорони инфиродӣ, ки тибқи шаҳодатнома кор мекунанд, то 20,6 ҳазор нафар — соҳибкорони инфиродӣ, ки бо патент фаъолият мекунанд ва 8,3 ҳазор — хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Соҳибкори ҷавон: ҶТ барои пайвастан ба ИИУ соли оянда омода хоҳад шуд
То 1 апрели соли 2021 ҳамагӣ дар Тоҷикистон 603,3 ҳазор соҳибкори инфиродӣ сабти ном шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо 83,8 ҳазор нафар соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки тибқи шаҳодатнома кор мекунанд, 345 ҳазор тибқи патент кор мекунанд ва 174,5 ҳазор хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд.
Соли 2021 бошад, 10496 соҳибкори нави инфиродӣ, аз ҷумла 1416 соҳибкори инфиродӣ, ки бо шаҳодатнома кор мекунанд, 6329 соҳибкори инфиродӣ, ки бо патент кор мекунанд ва 2751 хоҷагии деҳқонӣ сабти ном шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз шумораи умумии соҳибкорони инфиродии сабтшуда 6551 нафар соҳибкорони инфиродӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2021 фаъолияти худро қатъ кардаанд.
Шумораи соҳибкорони инфиродии фаъол то 1 апрели соли ҷорӣ - 307,9 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.