“Мо боз метавонем сафар кунем”: рақси зебои халабонҳо ва меҳмондорони ҳавопаймо

Баъди соли мушкил ва қатъи парвозҳо ба сабаби пандемия халабонҳо, меҳмондорони ҳавопаймо ва кормандони фурудгоҳҳои дунё аз барқароршавии парвозҳо шодии худро дар як рақси зебо нишон доданд
Sputnik
Дар шабакаию Ютуб наворе пайдо шуд, бо номи “Мо боз метавонем сафар кунем”, ки дар он халабонҳо, меҳмондорони ҳавопаймо ва дар маҷмӯъ кормандони фурудгоҳҳо дар саросари ҷаҳон зери суруди Jerusalema аз барқароршавии парвозҳо мераксанду шоди мекунанд.
Дар ин рақсҳо кормандони чандин ширкатҳои бонуфузӣ ҳавоии дунё иштирок карданд.
Миёни корбарони интернет ин навор маҳбубияти зиёде пайдо кардааст. Барои мисол навори рақси халабонҳои ва меҳмондорони ширкати ҳавоии Austrian Airlines-ро беш аз 8 миллион нафар тамошо кардааст.
Jerusalema - суруди хонандаи африқои Master KG мебошад.
Суруди "Jerusalema Challenge", ки бо суруди Макарена муқоиса мешавад, дар саросари ҷаҳон ҳазорон видеои рақсиро ба вуҷуд овард.
Ҳоло навори рақси халабонҳо, меҳмондорони ҳавопаймо ва кормандони фурудгоҳҳои дунё бо шиори “Мо боз метавонем сафар кунем” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла дар Фейсбук паҳн шудааст.