ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. КҲФ аз фоҷиае дар ноҳияи Ёвон хабар додааст, ки ҳангоми барои об рафтани модари ҷавон бо духтарчаи 6-солааш рух додааст.
Манбаъ мегӯяд, 18-уми апрели соли равон, модари ҷавон, сокини деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон, ҳамроҳи духтарчаи 6-солаааш ба канали деҳа барои об меравад.
“Замоне, ки модар об мегирифт, духтарча ба оби канал сарозер мешавад. Модари ҷавон, саросемавор худро ба об мезанад, аммо об аллакай кӯдакро бурда буд ва худи ҷавонзан низ дар ҳоли ғарқшавӣ қарор гирифтааст”, - иттилоъ дод КҲФ.
Дар зимн ин ҳолро талабаи синфи 11, сокинаи деҳаи мазкур дида, худро ба об меандозаду модарро наҷот медиҳад. Ҷасади духтарча рӯзи дигар 500 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карда шуда, ба хешовандонаш супорида шуд.
Ин ҳодиса дар ҳолест, ки ҳамасола бо фарорасии фасли гармо ҳолатҳои ғарқшавии кӯдакону ноболиғон дар ҳавзу дарёҳо дар Тоҷикистон афзоиш меёбанд. КҲФ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки кӯдаконро бе назорат нагузоранду аз оббозӣ дар маконҳое, ки барои шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд, худдорӣ намоянд.