ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зери чанд қонун имзо гузошт, хабар медиҳад котиботи президент.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зери қонунҳо "Дар бораи мақомоти адлия" ва "Академияи миллии илмҳо" имзо гузоштааст.
Ҳамзамон, роҳбари давлат, ба қонунҳо Дар бораи судҳо, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, ниҳолпарварӣ, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, ки тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ба тасвиб расонд.
Манбаъ меафзояд, қонунҳо дар бораи мақомоти адлия ва Академияи миллии илмҳо қонунҳои мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои фаъолияти онҳоро танзим менамоянд.
Тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили сохтори мақомоти судӣ, беҳдошти фаъолияти он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа ва паҳлуҳои дигари соҳа нигаронида шудаанд.
икр мегардад, ки қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, рушди соҳаи илм ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.