Сафари кории Раҳимзода дар ВМКБ: вазир ба милисаҳо гуфт, дар ҳолати омодабош бошанд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар ВМКБ дидан кардааст.
Ҳамчунин вазир бо ҳайати шахсии ин раёсат дидору мулоқот намудааст.
Раҳимзода дар бораи сафар ба ВМКБ ва вазъ дар марз гуфт
Раҳимзода бо омодабошӣ ва шароити хизматбарии кормандони милитсия шинос шуда аз милисаҳои ВМКБ даъват кардааст, ки ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.
"Ҳайати шахсӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ бояд ҳамеша дар ҳолати омодабошӣ қарор дошта бошад", - гуфтааст Рамазон Раҳимзода.
Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни вохӯрӣ аъзои ҳайати шахсӣ изҳор доштаанд, ки тамоми шароити зарурии хизмат фароҳам буда, баҳри таъмин намудани ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун дар ВМКБ саҳми арзанда ва фаъолияти назаррас нишон хоҳанд дод.