Бозори асъор: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

Ҳафтаи навро асъори русиву аврупоӣ нисбат ба сомонӣ бо болоравӣ оғоз карда, доллари амрикоӣ мисли нишондоди охири ҳафтаи гузашта дар ҳоли сукут қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1488 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби як доллари амрикоӣ бошад, мисли нишондоди охири ҳафтаи гузашта 11,3200 сомонӣ эълон шудааст.
Тибқи маълумоти таблоҳои расмии БМТ, асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз барои як евро 13,5682 сомонӣ муқаррар шудааст.
Коршиносон гуфтанд арзиши доллар дар охири сол чӣ гуна хоҳад буд
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1500 - 0,1530 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1525 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1490 то 0,1540 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.