ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Ба нақл аз рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият”, интизор меравад барои пурра барқарор намудани реактори ҳастаии “Аргус” - и Институти физикаву техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барномаи давлатӣ қабул гардад.
Тавре Фарҳод Шокир, директори институти мазкур гуфт, барномаи нав, ки мақсади асосии он барқарор ва минбаъд ба мақсади осоишта ба манфиати рушди иқтисоди кишвар истифода намудани реактори ҳастаии “Аргус” мебошад, аз ҷониби мутахассисон омода ва мавриди баррасӣ қарор дорад.
Қаблан барои барқарор намудани реактор Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори “Аргус” барои солҳои 2016-2020 қабул ва мавриди амал қарор дошт.
Муҳлати барнома ба охир расида бошад ҳам, пурра иҷро нашуд. Акнун олимон нақша доранд дар доираи барномаи нав корҳои таъмир ва барқарорсози реакторро идома диҳанд.