ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт, афзоиш ёфтани беморӣ ва маргу мир аз коронавирусро дар ҳафтаҳои ахир як тамоюли ташвишовар меҳисобад, мегӯяд, намояндаи ин созмон дар Русия Мелита Вуйнович.
"То 12 апрели соли 2021, тибқи маълумоти СҶБ, дар саросари ҷаҳон 135 646 617 ҳолати COVID-19 ва 2 930 732 фавт ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло мо афзоиши шумораи гирифторонро барои ҳафт ҳафта пай дар пай ва афзоиши шумораи фавтҳоро дар чор ҳафта мебинем. Ҳафтаи гузашта шумораи бемориҳои нав ба таври нигаронкунанда афзуд. Ин омил ба пайдоиши намудҳои нави вирус, бекоршавии маҳдудиятҳо ва ҳамчунин тақсимоти нодурусти ваксин бастагӣ дорад", - таъкид намуд ӯ.
Вуйнович гуфт, ки СҶБ ҳамчунон тавсия медиҳад, ки дар қабл аз сафарҳои байналмилалӣ нахуст ба хатару чораҳои бехатарӣ бояд аҳамият дод.
Дар ҳамин ҳол, СҶБ тавсия медиҳад, ки ҳама гуна чораҳо оид ба маҳдуд кардани паҳншавии онҳо бо мурури замон ва дар асоси вазъият ва шароити эпидемиологӣ баррасӣ карда шаванд..
Дар Русия, тибқи маълумоти Ситоди фаврӣ 4,702,101 ҳолати сироят ба қайд гирифта шуд, ки аз ин миён 4.326.780 нафар шифо ёфта,, 105.582 нафар фавтиданд.