Саидмурод Давлатов мактаби Оксфорд месозад: роҳбарон диданд

Саидмурод Давлатов, соҳибкори тоҷик, ки бо китобу дарсҳо дар мавриди тиҷорату пулёбӣ шинохта аст, то соли нави хониш дар шимоли Тоҷикистон мактаби Оксфордро фаъол месозад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Шаҳрдории Хуҷанд мегӯяд, сохтмони мактаби Оксфорд дар минтақаи шимолу шарқии шаҳр бо сармоягузории Саидмурод Давлатов идома дорад.
Ба иттилои манбаъ, субҳи рӯзи якшанбеи 18 апрел раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода ва шаҳрдори Хуҷанд, Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни бунёди ин муассисаи шакли нави таълимӣ боздид намуданд.
“Бинои мазкур бо тарзу усули хосаи меъмории донишгоҳи шаҳри қадимаи “Оксфорд”-и Британияи Кабир бунёд гардида истода, дорои тамоми имконоти таҳсилу иқомат ва фаъолият мебошад”, - омадааст дар иттилоия.
Шаҳрдорӣ афзуд, иншооти мазкур дар арафаи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, дар соли хониши нави 2021-2022 мавриди истифода ва баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Интизор меравад, ки мактаби Оксфорд 450 хонандаро ба таҳсил фаро гирад. Саидмурод Давлатов мегӯяд, дар ин маҳзани таълимӣ усули таълими байналмиллалӣ ва замонавиро роҳандозӣ менамояд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Шифои Саидмурод Давлатов аз коронавирус: руҳан азоб дидам, на ҷисман
Раҷаббой Аҳмадзода ба Давлатов барои иҷрои босифату саривақтии корҳо дастур дода, изҳори умед кардааст, ки хатмкунандагони ин муасссаи таълимӣ дар оянда ба муассисаҳои олии Аврупо дохил шаванду ба Ватан хизмат кунанд.