ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Азам Ғафоров, размикори 27-солаи тоҷик, ки то ҳол 13 қувваозмоиро бо 11 бурду 2 бохт ҷамъбаст кард, дар бораи фаъолияти варзишию зиндагияш мусоҳиба додааст.
Ӯ дар шарҳи шикасташ дар ду сабқат гуфт, дар созмоне, ки феълан ҳунарнамоӣ мекунад, ҳарифон пурқувватанд ва шикастҳо баёнгари онанд, ки бояд бисёртар машқ карду омодагӣ дид.
Ғафоров дар суҳбат бо телевизиони "Варзиш" гуфт, аз миёни 13 рақобат хотирмонтаринаш бо Имран Букуев буд, ки яке аз “любимчик”-ҳои Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон мебошад.
Ӯ афзуд, дар пайи пирӯзияш бар Букуев, ки онро бисёриҳо интизор надоштанд, унвону хол гирифт ва чун сабқати ҷолибтарини он шом дониста шуд, Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон як “Мерседес” низ туҳфааш кард. Ғафоров гуфт, бо он "Мерседес" як сол гашт, аммо чун ба манзил ниёз дошту маблағи кофӣ наёфт, онро фурӯхт.
Размикори тоҷик, инчунин аз он қисса кардааст, ки пас аз хатми мактаб нияти сафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҷамъ овардани маблағи кофӣ барои таҳсилу манзилро дошт, чун падараш низ муҳоҷир буду модараш хонашин.
Ӯ илова намуд, вақте аз шаҳри Иванова барои довталабони дохилшавӣ ба Академияи кишоварзӣ омаданд, падараш чорвои хонаро фурӯхту барои таҳсили фарзандаш дод.
Размикори тоҷик мегӯяд, ихтисосаш технологияи коркарди гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ мебошад ва дар зимн тавзеҳ дод, ки нияти кор дар ин соҳаро надошт, балки онро чун имкони берун рафтану таҳсил дар хориҷ истифода намуд.
Ғафоров мегӯяд, соли аввал барояш мушкил буд, чун забони русиро хуб намедонист ва дар баробари таҳсил инчунин кору машқи варзиш низ мекард.
Ӯ муътақид аст, ки вақте одам хоҳиш дорад, соҳиби ҳама чиз шудан имконпазир аст.