ДУШАНБЕ, 18 апр - Sputnik. Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикист баъди як ҳафтаи муроҷиати дастаҷамъонаи садҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ барои бартараф кардани зуҳуроти ғайриқонунии “облава” вокуниш нишон додааст.
Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва ташаббускори ин муроҷиатнома хабар дод, ки аз Дастгоҳи раисиҷумҳур огоҳинома гирифтааст, ки номаи кушоди шаҳрвандон ба вазири мудофиа, вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ барои баррасӣ фиристода шудааст.
Мақомдорони баландпояи ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дар пайи баррасии муроҷиатнома, натиҷаи онро ба таври хаттӣ ба Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур ва муаллифон хабар диҳанд.
Қаблан садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо як мактуби дастаҷамъӣ аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш Рустами Эмомалӣ, роҳбари палатаи болоии парлумони кишвар хоста буданд, ба зуҳуроти ғайриқонунию шармандаовари сарбозшикор ва ё худ “облава” хотима диҳанд
Ин муроҷиатнома дар пасманзари афзоиши хабару наворҳо, дар мавриди он, ки афроди номаълум аз кӯчаю хиёбонҳо ҷавонҳоро зӯран бори мошинҳо ё худ ба истилоҳ “облава” мекунанд, ирсол карда шуд.
Раҷаби Мирзо, таҳҳиягари ин муроҷиатнома изҳор доштааст, “ҳолатеро, ки ҳоло ҳаст ва мутаассифона авҷ мегирад, ҳуқуқшиносон ба банди вобаста ба “одамрабоӣ” –и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон баробар медонанд”.
Дар муроҷиатнома, ки онро садҳо шаҳрванд имзо кардааст, таъкид гардидааст, “бо ин шевае, ки ҳоло ҷавононро “ҷалб” мекунанд, на танҳо қонунмандӣ зери суол мераваду ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро помол мекунанд, балки давлат беобрӯ мегардад, ноумедӣ авҷ мегирад, психологияи мардум вайрон мешавад, имиҷи давлату артиши он коҳиш меёбад”.
Муроҷиаткунандагон изҳори боварӣ кардаанд, ки роҳҳои қонунӣ, мантиқиву касбии даъвати ҷавонон вуҷуд дорад ва омодаанд дар ин кор саҳм гузоранд. Онҳо дар ҳоли ҳозир аз роҳбарияти ҷумҳурӣ хостаанд, бо як дастури худ ба мақомот ҳушдор диҳанд, то пеши роҳи шармандагӣ ва қонуншиканӣ ҳарчӣ зудтар гирифта шавад.