ДУШАНБЕ, 17 апрел - Sputnik. Дар Бишкек боз дари ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ бар асари бурузи маризии коронавирус баста шуд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Бар хабари манбаъ, дар ду макотиб хонандагони синфҳои 2,3 ва 9 гирифтори коронавирус шуданд.
Қаблан, мактабҳои рақами 10, 13, 26, 28, 32, 35, 52 ва 63 низ бинобар авҷ гирифтани вируси мазкур барои як муддат ба қарантин фаро гирифта шуданд.
Ҳоло бошад, таҳсил дар 11 макотиби Бишкек қатъ карда шудааст ва ҳамаи хонандагон барои муддати муайян аз таҳсил озод гардиданд.
Манбаъ меафзояд, дар 19 дабистони дигар низ ҳолатҳои мубтало шудани хонандагону омӯзгорон ба коронавирус сабт гардидааст, вале расман кори ин мактабҳо баста нашудааст, танҳо 26 синф ба таълими фосилавӣ гузаронда шуд. Илова бар ин, 2 кӯдакистон низ дар Бишкек бинобар сабт шудани маризии коронавирус баста шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Қазоқистону Қирғизистон вазъи коронавирус на онқадар хуб аст ва ҳамарӯза теъдоди маризони нав рӯ ба афзоиш ниҳодааст.