Фавти 8 нафар дар Фаронса аз ваксини AstraZeneca

Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 апрел - Sputnik. Дар доираи эмгузаронии оммавӣ аз маризии коронаиврус дар ин кишвар ҳудуди 3 миллион воя ваксини AstraZeneca истифода шудааст
Дар Фаронса дасти кам 8 нафар пас аз гирифтани ваксини AstraZeneca ҷон аз даст доданд. Дар ҳар ҳашт нафар тромбоз пайдо шуд, ки сабаби фавти онҳо гардид, менависад РИА Новости.
Нахустин кишвари аврупоӣ расман истифодаи ваксинаи AstraZeneca -ро қатъ мекунад
Бар хабари манбаъ, то рӯзи 8 апрел дар кишвар беш аз 2,72 миллион эмгузаронии AstraZeneca гузаронида шуд. Аз 2 то 8 апрел нӯҳ мавриди нави локализатсияи атипии тромбоз ва ду ҳолати коагулятсияи ҷудогонаи паҳншудаи дохили рагҳо муайян карда шуданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози маъракаи эмгузаронии аҳолӣ бо AstraZeneca дар Фаронса 23 ҳолати тромбоз ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон феълан эмгузаронии шаҳрвандон бо ин ваксин ҷараён дорад.
Тоҷикистон ин ваксинро дар доираи механизми COVAX дастрас кард ва бояд 20 дарсади аҳолӣ бо ин ваксин таъмин карда шаванд.