ДУШАНБЕ, 17 апрел - Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, шумори шифоёфтагон 118 миллиону 809 ҳазору 606 нафар эълон шудааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки дар ИМА зарфи шабонарӯзи гузашта 75 375 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Сафири Эрон дар Москав хабар дод, ки то охири тирамоҳ 6 миллион воя воксани русии Спутник аз Маскав ба Теҳрон хоҳад расид.
Сербистон аввалин кишвари аврупоие шуд, ки ба истеҳсоли воксани русии "Спутник V" дар қаламрави худ оғоз кард.
Роспотребнадзор пешниҳод кард, ки шаҳрвандони аз Туркия ва Танзания баргаштаро ду маротиба барои коронавирус санҷанд.
Русия хабар дод, ки дар қаламраваш бо 8 944 ҳодисаи сироят ба COVID-19-ро ошкор кардааст. Ҳодисаҳои нави сироят дар ҳамаи 83 минтақа ба қайд гирифта шуданд.
Дар Қазоқистон дар 24 соати сипаришуда 2641 ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус сабт гардид. Дар Олмаато 657, дар Нур-Султон 650, вилояти Олмаато 220 ва дар вилояти Қарғанда 202 нафар сироят шуданд.
Дар Ӯзбекистон шабонарӯзи гузашта 227 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шуд, ки 129 нафар дар шаҳри Тошканд, 42 нафар дар вилояти Тошканд, 25 нафар дар вилояти Самарқанд ва 8 тан дар вилояти Бухоро мебошад.