ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодисаи нохуши мазкур санаи 16 апрели соли равон дар назди тарабхонаи “Азия”-и шаҳри Бохтар сурат гирифтааст.
Гуфта шудааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Филдер”, Раҳматов Хайралӣ, ронандаи ширкати “Рахш Такси-3333”, ҳангоми ҳаракат дар шаҳри Бохтар аз самти бозори “Нихи”-и ба самти бозори “Ҳоҷӣ-Шариф”-и ҳамин шаҳр дар назди тарабхонаи “Азия” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мудинов Бурихонро пахш намудааст.
Манба таъкид доштааст, ки пиёдагард 60 сол доштааст ва сокини шаҳри Бохтар будааст.
ВУД зикр кардааст, ки дар натиҷаи садама, пиёдагард Мудинов Бурихон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Дар ҳоли ҳозир аҳ сӯи кормандони милитсия таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад.