ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Раул Кастрои 89-сола рӯзи 16-уми апрел ҳангоми суханронӣ дар оғози анҷумани 8-уми Ҳизби коммунистии Куба дар бораи истеъфояш хабар дод, иттилоъ додааст РИА Новости.
Вай гуфт, ки азбаски “маъмурияташро анҷом додааст”, бознишаста мешавад.
“То замоне зинда ҳастам, барои муҳофизати ватан, инқилоб ва сотсиализм бо нерӯи бештар аз ҳар вақт ба по меистам”, гуфт Раул Кастро.
Раул Кастро нагуфт, ки ба ҷои ӯ кӣ ин мақоми баландпояро бар дӯш хоҳад гирифт.
Дар гузашта Раул Кастро, аз Мигел Диаз Канел, ҳимоят мекард, ки дар соли 2018 ба ҷойи ӯ раисҷумҳур шуд.
Фидел Кастро соли 1959 пешвои инқилобе буд, ки диктатори кишвар Фулгенсио Батистаро сарнагун кард. Ӯ соли 1965 раиси Ҳизби коммунистии Куба шуд ва соли 2008 мудирияти кишвар ва мақоми президентро ба бародараш Раул Кастро дод.
Истеъфои Раул Кастро маънои онро дорад, ки ӯ дигар яке аз мақомҳои баландпоя дар ҳукумати Куба нахоҳад буд.