Алорағми коронавирус: омодагии ҷиддӣ ба Олимпиадаи Токио - акс

Ҷопон омодагиро ба Бозиҳои тобистонаи олимпӣ идома медиҳад. То баргузории чорабиниҳои байналмилалии варзишӣ камтар аз 100 рӯз мондааст
Sputnik
Соли гузашта, пандемияи коронавирусӣ дар саросари ҷаҳон нақшаҳоро вайрон кард. Чорабиниҳои гуногуни оммавӣ манъ карда шуданд, ки яке аз онҳо Олимпиадаи соли 2020 дар Токио буд.
Пас аз машварати зиёд Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ қарор кард, ки ин мусобиқа аз 23 июл то 8 августи соли 2021 гузаронида шавад.
Баҳсҳо дар бораи зарурати ташкили Олимпиада дар Токио ҳанӯз идома доранд. Ҳамин тариқ, панҷ кишвар - Иёлоти Муттаҳида, Чин, Фаронса, Тайланд ва Кореяи Ҷанубӣ ҷонибдори бекор кардан ё ба таъхир андохтани он бинобар таҳдиди паҳншавии беморӣ мебошанд.
Бо вуҷуди ин, дар Ҷопон омодагиҳо ҷиддӣ идома доранд. Ороиши шаҳр бо рамзҳои олимпӣ ба таври густурда ҷараён дорад.
1 / 10

Ҳайкалҳои Мираитов ва Сомичи - тилисм ё туморҳои расмии Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ дар Токиом

2 / 10

Губернатори Токио Юрико Коике дар назди ҳайкали Мираитова, яке аз талисмҳои расмии Бозиҳои Олимпӣ ва Паралимпии Токио-2020

3 / 10

Роҳбари Кумитаи Олимпии Ҷопон Ясухиро Ямашита ва губернатори Токио Юрико Коике дар маросими муаррифии муҷассамаҳои Мираитова ва Сомичи

4 / 10

Марде дар пасманзари ҳалқаҳои олимпии Токио аксбардорӣ шудааст

5 / 10

Тилисми олимпӣ ва роҳибони буддоӣ дар пасманзари пандемияи коронавирус бо ниқобҳои муҳофизатӣ

6 / 10

Ноиби волии Токио Митсучика Тарао ва барандаи медали биринҷии Олимпиадаи соли 2008 Ҷуничи Мияшита рамзи мусобиқаро муаррифӣ карданд

7 / 10

Овезаҳо бо тасвири тилисмҳои Олимпиадаи Токио дар девор

8 / 10

Корманде, ки ниқоби муҳофизатӣ пӯшидааст, пас аз маросими ифтитоҳи рамзи олимпӣ парчамҳо мебард

9 / 10

Сарвазири Ҷопон Ёсихиде Суга дар назди тилисмҳои Бозиҳои Олимпӣ ва Паралимпии Токио бо расонаҳо мулоқот мекунад

10 / 10

Пас аз маросими пардабардорӣ аз рамзи, тилисми Олимпиадаи Токио Мирайтова бо рамзи олимпӣ акс мегирад