ДУШАНБЕ, 17 апрел - Sputnik. Мақомоти амниятии Ироқ мегӯянд, ки онҳо хазинаи садҳо ҳазор доллари нақдӣ ва филизоти қиматбаҳоеро кашф кардаанд, ки террористҳои ДИИШ (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) дар як хона дар Мосул пинҳон кардаанд.
Сухангӯи фармондеҳи кулли нерӯҳои ироқӣ дар як паёми Твиттерӣ навиштааст, ки бар пояи иттилооти вижаи полиси маҳаллӣ, ин ганҷина дар замони тасарруфи шаҳри Мосул ба дасти гурӯҳи террористии ДИИШ (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) рабуда шуда буд ва якуним миллион доллар пули нақд ва металлҳои қимматбаҳоро шомил мешавад.
Нерӯҳои ироқӣ бо кумаки Эрон рӯзи 17 ноябри 2017 муваффақ шуданд шаҳри Рава дар остони ал-Анборро, ки дар ғарби Ироқ охирин пойгоҳи ДИИШ буд озод кунанд ва бо озодсозии ин шаҳр амалан кори ДИИШ (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) дар Ироқ ба поён расид.
Бо ин ҳол дар моҳҳои ахир бозмондаҳои ДИИШ (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) бо баҳрагирӣ аз бесуботиҳои Ироқ ва ҳамчунин дар сояи ҳимояти Амрико дар талош барои эҳёи ин гурӯҳи террористӣ дар Ироқ ҳастанд.