ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласа аз он изҳори нигаронӣ кард, ки додрасҳо ҳуқуқи соҳибмулкии бархе афродеро, ки худсарона сохтмон анҷом додаанд, эътироф мекунанд.
Ба иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласаи рӯзи 16 апрел аз он зикр кард, ки тибқи нақшаи генералӣ аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ ҳудуди шаҳри Душанбе васеъ карда шуд.
Ӯ таваҷҷуҳи раисони Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Прокурори генералии ҷумҳуриро ба ҳолатҳои зиёди бе ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба маҳалҳои аҳолинишин табдил ёфтани заминҳои таъиноти кишоварзӣ дар ин ҳудуд ҷалб кардааст.
“Инчунин дар амалияи судӣ эътироф намудани ҳуқуқи соҳибмулкии шахсоне, ки сохтмони худсарона анҷом додаанд, ҷой дорад”, - изҳор доштааст Рустами Эмомалӣ.
Раиси Маҷлиси миллӣ, барои пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳолатҳое, ки ба татбиқи нақшаҳои генералии маҳалҳо ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ монеа мешаванд, дастур додааст.
Интиқоди Рустами Эмомалӣ аз нақзи қонунҳо дар истифодаи замин дар ҳолест, ки қаблан аз ҳисоби заминҳои деҳоти “Чоряккорон”, “Чортеппа”, “Сарикиштӣ”, “Чимтеппа”, “Россия”, “Гулистон” ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе 7 ҳазору 659,25 гектар замин ҳамроҳ карда шуд.
Дар пайи пайвастани заминҳои нав ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе 20 ҳазору 318,25 гектар муқаррар карда шуд.