Тоҷикистон содироти барқро 50 дарсад зиёд кард

Тоҷикистон дар се моҳи соли 20121 аз ҳисоби содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя беш аз 9,7 миллион доллар фоида ба даст овардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Тоҷикистон аз аввали сол ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи беш аз 9,7 миллион доллар барқ фурӯхтааст, иттилоъ додааст бахши энержии кишвар.
Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42,08 дарсад ё 2,9 миллион доллар зиёдтар будааст. Барқ асосан ба Афғонистон содирот мешавад.
Бояд қайд кард, ки истеҳсоли барқ дар соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта бештар будааст. Фарқият 9,3 дарсадро ташкил додааст. Ҳамагӣ барқ беш аз 5 миллиард кВт/с тавлид шудааст.
Ифтор ва саҳарӣ кунанд: "Барқи тоҷик" "лимит"-ро дар Рамазон коҳиш медиҳад
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш ширкати “Барқи тоҷик” бо ширкатҳои энергетикии Афғонистон ва Ӯзбекистон дар бораи содироти барқ ба ин кишварҳо дар соли 2021 шартномаҳо ба имзо расонида буд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аз моҳи январ расман лимити барқ ҷорӣ карда шудааст. Маҳдудиятҳои барқӣ дар деҳот, дар онҷо хонаҳои баландошёна нест ҷорӣ карда шудааст.