ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Дар Тоҷикистон, давоми 15 соли охир барои аввалин бор аст, ки содироти мол нисбат ба воридот афзоиш ёфтааст.
Дар семоҳаи аввали соли 2021, содирот нисбат ба воридот 105 миллион доллар зиёдтар будааст.
Дар ҳамин ҳол, қаблан ҳаҷми воридот нисбат ба содирот беш аз 3 баробар зиёд буд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон аз аввали сол тақрибан 34 дарсад афзуда, ба 1, 79 миллиард доллар баробар шудааст.
Ҳаҷми маблағи содироти молҳо дар моҳҳои январ-марти соли равон 949,5 миллион долларро ташкил дод. Ин дар ҳолест, ки дар ин муддат ба кишвар дар ҳаҷми 844,5 миллион доллар молу маҳсулот ворид шудааст.
Аз тоҷикистон бештар металлҳои қиматбаҳо, алюминий, семент, нахи пахта ва меваҳои хушк ба хориҷ аз кишвар содирот шудааст. Бештар ба ҷумҳурӣ маҳсулоти нафтӣ ва ғалладона ворид гардидааст.
Ёдрас мешавем, чанде пеш хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон дар афзоиши истеҳсолоти саноатӣ миёни кишварҳои ИДМ пешқадам аст - дар моҳҳои январ-феврали соли 2021, афзоиши 18,5 дарсадӣ ба қайд гирифта шудааст.