ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Рақобати дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуда, бо ҳисоби 3:1 ба суди тими “Файзканд” хотима ёфт, хабар дод сомонаи телевизиони “Варзиш”.
Ба иттилои манбаъ, ҳисобро дар дақиқаи 14-ум Абдухалил Боронов боз намуд.
“Дар дақиқаи 25-ум ин ҳуҷумкунандаи бомаҳорати тими “Файзканд” бори дуюм дарвозаи “Куктош”-ро рахна сохт. То анҷоми қисми аввал футболбозони дастаи “Файзканд” боз ҳам ба задани гол мушарраф шуданд”, - омадааст даро матлаб.
Таъкид шудааст, ки голи сеюмро низ Абдухалил Боронов ба самар расонида, дар ҳисобаш хет-трик сабт намуд.
Дастаи “Куктош” дар қисми дуюми бозӣ фаъолтар шуда, дар дақиқаи 59-ум Муҳсинҷон Абдуғаффоров бо истифода аз як имконияти хуби голзанӣ дарвозаи ҳарифонро рахна сохт ва натиҷаро тағйир дод.
Таъкид шудааст, ки бо ин пирӯзӣ дастаи “Файзканд” бо касби 7 имтиёз ба садри ҷадвали умумии Лигаи олӣ баромад.