ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар ин қонун омадааст, ки тарбияи динии кӯдакон набояд бар саломати ҷисмӣ ва рӯҳии онҳо таъсир бигузорад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон дар истинода ба пойгоҳи хабарии Ҳақоиқи Қафқоз.
Ҳамчунин қонуни нав таъкид мекунад, ки ба истиснои мавориди дар назар гирифташуда дар ин қонун, омӯзишҳои исломӣ дар замони ибодатҳои дастаҷамъӣ ва оинҳо ва маросими диниро фақат ходимони динии муайяншуда бар асоси муқаррароти марбута метавонанд анҷом диҳанд.
Ба ин тартиб мардуми Озарбойҷон иҷоза нахоҳанд дошт таълимоти диниро ҷуз аз ашхоси муайяне дарёфт кунанд.
Бар асоси ин қонун таблиғи ифротгароии динӣ ва ҳамчунин истифода аз тафовутҳо миёни адён бо аҳдофи сиёсӣ мамнӯъ аст.