ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо имзои се фармон, се додрасро барканор кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, ки нусхаи санадҳоро нашр кардааст, тибқи фармони рақами 69-и президент Аҳтам Раҷабалӣ аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе озод карда шуд.
Далели барканорӣ, расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан гуфта мешавад.
Тибқи як фармони дигари президент, додраси ноҳияи Дӯстӣ Латофат Ҷаъфарзода низ аз мақом барканор гардид.
Далели озод шудан аз вазифа ба охир расидани муҳлати ваколат гуфта мешавад.
Тибқи фармони рақами 159-и раисҷумҳур, Қурбоншозода Нозигул Мастоншо аз вазифаи судяи суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шудааст.