ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар фурдгоҳи байналмилалии Манас аз 17 апрел чораҳои маҳдудкунӣ ҷорӣ карда мешаванд, хабар медиҳад Sputnik Қрғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти ҶСК "Фурудгоҳи байналмилалии Манас".
Ин тасмимро сардухтури санитарии давлатӣ Улук-Бек Бектурганов бинобар вазъи ногувори коронавирус қабул кардааст.
Рӯйхати маҳдудиятҳо:
аз соати 00:00 то 7:00 дастрасии шахсони бегона, аз ҷумла онҳое, ки гусел мекунанд ва пешвоз мегиранд, маҳдуд мешавад. Вуруди мусофирон ба маҷмааҳои фурудгоҳ қатъиян дар сурати мавҷудияти чиптаҳои ҳавоӣ сурат мегирад;
назорати термометрии мутахассисон ва чен кардани ҳарорати бадани мусофирони парвозкунанда ва ҳозиршаванда пурзӯр карда мешавад;
барои роҳати гуселкунандгон ва пешвозгирандагон, дар назди маҷмааи фурудгоҳ нишастҳогоҳҳо ташкил мешаванд;
мусофирон бояд ниқоб пӯшанд ва фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд.