ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳат ҳаво пешгӯинашаванда хоҳад буд, зеро офтоби дурахшон ба раъду барқ, бод ва жола иваз мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ҳамин тавр, 17 апрел, дар Рӯзи шаҳри Душанбе, ҳаво бебориш мешавад. Рӯзона ҳарорати бароҳат хоҳад буд - ба ҳисоби миёна, щарорат то 23-25 ° C гарм, шабона аз 9 то 11 ° C хощад шуд.
Аммо дар ноҳияҳои тобеи марказ ва водии Рашт шабона бебориш вале рӯзона каме борон меборад, раъду барқ мешавад ва дар ағбаҳо меғ мефарояд.
Ҳарорати ҳаво шабона + 6 ° C, рӯзона + 16-18 ° C мебошад. Дар водиҳо рӯзона тақрибан + 20-25 ° C
Вале рӯзи якшанбе дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ раъду барқ ба амал меояд ва дар баъзе ҷойҳо бориши жоа дар назар аст.
Ҳарорати ҳаво рӯзона то + 17 +19 ° С мешавад, бод дар баъзе ноҳияҳо то 15 метр дар як сония мевазад.
Дар шимоли кишвар дар вилояти Суғд рӯзҳои истироҳат бидуни боришоти мегузарад.
Ҳарорат шабона 11-13 ° C гарм, рӯзона то + 27 гарм мешавад. Танҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзи шанбе бориш намешавад. Дар Хоруғ ҳарорат шабона 1-3 ° C гарм, рӯзона тақрибан + 12 ° C мешавад.
Аммо рӯзи 18 апрел дар баъзе ҷойҳо ҳавои абрноки тағйирёбанда, бориши борон ва барфи тар имконпазир аст.
Дар ғарби вилоят шабона 0-5 ° C, рӯзона + 7 +12 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона то -9-17 ° C, рӯзона 1-6 ° дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳарорати рӯзона 27-29 ° ва шабона 12-14 ° гарм мешавад. Дар ҷануб, асосан бебориш, танҳо дар ноҳияҳои доманакӯҳҳо каме борон меборад, дар баъзе ҷойҳо раъду барқ мешавад.