Ҳавои Хатлону Суғд гарм, дар ВМКБ борону барф меборад: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон

Дар тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе ба 22+24 дараҷа мерасад.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши сусти борон ва барф дар назар аст.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Дар водиҳо ҳаво шабона 8+13 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Гармии рекордӣ дар Маскав: то 21,5 дараҷа расид
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ағбаҳо меғ мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 22+24 дараҷа гарм мешавад.