Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Гирдиҳамоии табибон дар Бишкек ва талабашон аз мақомот: музди ваъдакардаро диҳед - видео

Табибон бо раҳпаймоӣ ба сӯи бинои парлумон омаданд. Онҳо дар пасманзари болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ зиёд кардани музди меҳнатро талаб доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Дар назди бинои Кохи Сафед дар Бишкек митинги кормандони тибби Қирғизистон ҷараён дорад, хабар медищад Sputnik Қирғизистон.
Дар маҷмӯъ, дар гирдиҳамоӣ тақрибан 100 нафар иштирок мекунанд.
Митинг медицинских работников у здания Жогорку Кенеша в Бишкеке. 16 апреля 2021 года
Табибон бо раҳпаймоӣ ба назди бинои парлумон омада, хоҳиш доранд, ки ба онҳо ҷуброне, ки мақомот барои кор бо беморони гирифтори коронавирус ваъда кардаанд, пардохт шавад.
Митинг медицинских работников у здания Жогорку Кенеша в Бишкеке. 16 апреля 2021 года
Ҳозирин ҳамчунин аз кам будани маош норозӣ ҳастанд.
Митинг медицинских работников у здания Жогорку Кенеша в Бишкеке. 16 апреля 2021 года
Дар яке аз навиштаҷоти дар дасташон буда "Барои ҳамшираҳои шафқат низ аз 1 апрел 100 дарсад зиёд шудани музди меҳнат" навишта шудааст.
Қирғизистон дар фурудгоҳҳояш маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард
Эътирозгарон тақрибан 10 дақиқа дар назди бинои парлумон истода ва ба сӯи бинои ҳукумат дар майдони Кӯҳна равонанд.