ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Муҳоҷирон пас аз чанд сол ба сохтмонҳои Русия бармегарданд. Дар ин бора мудири кулли РАКС Николай Алексеенко иброз дошт.
Ба гуфти ӯ, барқарор кардани низоми муҳоҷират дар ояндаи наздик душвор хоҳад буд. Гузашта аз ин, ба муҳоҷират на танҳо пандемияи коронавирус, балки як қатор омилҳои дигар низ халал мерасонанд.
Алексеенко дар мусоҳиба бо РИА Недвижимост қайд кард, ки сабаби асосии ба Русия омадани муҳоҷирон қобилияти фиристодани музди меҳнат ба ватан аст.
"Омили иқтисодӣ муҳим шуда истодааст - қурби рубл, динамикаи нархҳо ва ғайра нақш мебозанд. Ҳоло вазъ дар ин росто ба интизориҳои муҳоҷирон каме номувофиқ аст", - таъкид кард мутахассис.
Вай афзуд, ки омили равонӣ низ аҳамияти ҷиддӣ пайдо карда истодааст: муҳоҷирон метарсанд, ки бинобар чораҳои маҳдудкунӣ боз дар кишвари хориҷ баста мемонанд.
"Дар натиҷа, камбуди даромад ва мушкилоти бозгашт ба ватан вуҷуд дорад", - таъкид кард Алексеенко.
Дар навбати худ, омбудсмени сохтмон Дмитрий Котровский гуфт, ки аксари шаҳрвандони хориҷӣ аз сабаби эҳтимолан боло рафтани нархи иҷора намехоҳанд ба Русия раванд.
"Агар шароити будубош гарон шавад, чиптаҳо қимат шаванд, бозори кишвари мо аслан барои муҳоҷирон ҷолиб нахоҳад шуд", - гуфт коршинос.
Ҳамзамон ӯ афзуд, ки мушкили норасоии муҳоҷирон бидуни кӯмаки давлат ҳал намешавад.
Сардори Департаменти азхудкунии қаламравҳои нави Маскав Владимир Жидкин низ аз нарасидани коргарон гуфт. Аммо, ба қавли ӯ, ин ба суръати сохтмон таъсир намерасонад.