ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Бозӣ миёни тимҳои футболи Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб 15-уми апрел дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, дар Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд бе ҳузури тамошобинон баргузор гардид.
Дар давоми бозӣ ҳарду тим имкони задани голро доштанд. Тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ” дар ҷараёни дидор чандин лаҳзаҳои хуби голзаниро аз даст дод ва як лаҳзаи хуби голзаниро низ тими “Истиқлол” дошт. Ҳамин тариқ, ин бозӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт.
Бозии дигари даври аввали гурӯҳи “А”, ки ҳамзамон дар варзишгоҳи ба номи Шоҳзода Файсал бин Фаҳд миёни бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ ва АГМК-и Ӯзбекистон доир гардид, бо ҳисоби мусовии 2:2 ба поён расид.
Ба ин тартиб, бошгоҳҳои “Ал-Ҳилол”, АГМК, “Истиқлол” ва “Шабоб Ал-Аҳлӣ” якимтиёзӣ ба даст оварданд.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гурӯҳи “А” дар шакли мутамарказ дар Арабистони Саудӣ то рӯзи 30-юми апрел идома хоҳад кард.
Ба ин гурӯҳ бошгоҳҳои "Истиқлол"-и Душанбе (Тоҷикистон), “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Дубай (Имороти Муттаҳидаи Араб), “Ал-Ҳилол”-и Риёз (Арабистони Саудӣ) ва АГМК-и Олмалиқ (Ӯзбекистон) дохиланд.
Ҳамаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ дар як вақт - соати 22:00 бо вақти маҳаллӣ (00:00 бо вақти Душанбе) оғоз ёфта, дар ду варзишгоҳ - Варзишгоҳи байналмилалии Шоҳ Фаҳд ва варзишгоҳи ба номи шоҳзода Файсал бин Фаҳд дар Риёз - баргузор мешаванд.
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 қаҳрамони Тоҷикистон боз панҷ бозӣ анҷом медиҳад. Дар бозии дувуми худ "Истиқлол" рӯзи якшанбеи 18-уми апрел бо бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон рақобат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дастаи “Истиқлол” нахустин бор аст, ки дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC иштирок мекунад. Лигаи қаҳрамонҳои AFC аз соли 2003 баъди пайвастани Ҷоми қаҳрамонҳои Осиё ва Ҷоми дорандагони ҷомҳо ин номро гирифтааст.