Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодиро рушд медиҳанд

Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия, бо президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия, Сергей Катирин дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахши иқтисод баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Имомуддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия ва Сергей Катирин дидору мулоқот карданд, хабар медиҳад Сафоарти Тоҷикистон дар Русия.
Тибқи иттилои манбаъ, тарафҳо дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузориро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин сиёсатмадорон роҷеъ ба роҳҳои таҳкими шарикӣ миёни доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Русия табодули афкор намудаанд.
Намояндаи фахрии таъиншудаи Палатаи савдо ва саноати Русия дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Гуфта мешавад, Имомуддин Сатторов ва Сергей Катирин зарурати баргузории форумҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавиро бо мақсади мубодилаи афкор ва таҷрибаи соҳибкорони ду давлат таъкид карданд.
Дар зимн, намояндаи навтаъйини Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Шарифов ба ҳозирин муаррифӣ гардид.
Митрахович ба Тоҷикистон истифодаи нерӯи шамолро маслиҳат дод
Манбаъ афзуда, ки дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои иқтисоду савдо ва сармоягузорӣ изҳор карданд.