Пашинян дақиқ гуфт, кай истеъфо медиҳад

Сарвазири Арманистон бо ҳадафи баргузории интихоботи парлумонии зудҳангом дар ин кишвар ба зудӣ аз симмати худ истеъфо хоҳад дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Никол Пашинян аз истеъфои худ дар охирҳои моҳи апрел хабар дод, иттилоъ додааст РИА Новости.
Қаблан Пашинян дар бораи баргузории интихоботи зудҳангоми парлумонӣ дар санаи 20 июн, гуфта буд.
Вай эълом дошт, моҳи апрел расман ба истеъфо меравад то механизми пароканда кардани парлумонро ба роҳ монад. Аммо ҳукумат то интихоботи нав аз сӯи Пашинян раҳбарӣ хоҳад шуд.
Тибқи қонунгузории Арманистон, интихоботи зудҳангом ба Маҷлиси Миллӣ на пештар аз 30 рӯз ва на дертар аз 45 рӯз пас аз пароканда шудани парлумон баргузор мешавад. Механизми пароканда кардани парлумон ба таври расмӣ пас аз истеъфо оғоз мешавад. Ҳамчунин агар парлумон дар давоми ду ҳафта ду маротиба сарвазирро интихоб накунад, пароканда карда мешавад.
Пашинян шарти истеъфоашро гуфт
"Ман мехоҳам дар охири моҳи апрел тибқи созишномаҳо бо гурӯҳҳои парлумонӣ ва президенти кишвар истеъфо диҳам. Пас аз он барои риояи расмиёти зарурӣ дар рӯзи ҳафтум, интихоботи сарвазир баргузор мегардад. Фраксияи "Қадами ман" номзадии маро пешбарӣ хоҳад кард, тавре, ки муқаррароти конститутсионӣ талаб мекунад. Фраксияҳои дигар номзадҳоро пешбарӣ нахоҳанд кард ва "Қадами ман" маро интихоб намекунанд", - гуфт Пашинян ҳангоми соати ҳукуматӣ дар парлумон.
Ҳамзамон, ӯ нерӯҳои сиёсиро аз нақзи созишномаҳо ҳушдор дод.

"Агар нерӯҳои сиёсӣ кӯшиш намоянд, аз созишномаҳои сиёсӣ дур шаванд, худкушии сиёсӣ хоҳанд кард. "Қадами ман" маро сарвазир интихоб мекунад ва бо ҳамин ҷамъбаст мешавад", - гуфт Пашинян.

Бисёре аз мардуми Арманистон баъд аз тавофуқи сулҳи Қарабоғ, Пашинянро масъули шикасти Арманистон дар ҷанги ахир бо Ҷумҳурии Озарбойҷон медонистанд ва бо баргузории тазоҳуроти густарда хостори истеъфои ӯ аз мақоми нахуствазирӣ буданд, аммо Пашинян ба истеъфо додан розӣ набуд.
Даргириҳои Озарбойҷон ва Арманистон, ки аз 27 сентябри 2020 дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуда буд, 10 ноябри 2020 бо имзоии тавофуқномаи сулҳ миёни Раисиҷумҳурии Озарбойҷон, нахуствазири Арманистон ва кишвардори Русия поён ёфт.
Дар натиҷа ин ҷанги 44 рӯза, Арманистон назорати чанд шаҳри минтақаи Қарабоғро аз даст дод.