Намояндаи фахрии таъиншудаи Палатаи савдо ва саноати Русия дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд

Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин мулоқот кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Русия, зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намудаанд.
Ҳамзамон зимни мулоқот дар масоили таҳкими шарикӣ миёни доираҳои тиҷоратии ҳар ду кишвар табодули назар карда шуд.
Ҳарду ҷониб баргузории ҳамоишҳои тиҷоратӣ ва намоишгоҳи соҳавии муштаракро зарур донистанд, то ки дар онҳо соҳибкорони кишварҳо ба табодули назар ва таҷриба имкон дошта бошанд.
Дар Тоҷикистон кушодани тиҷорат осон мегардад
Инчунин дар ин дидор ба сафир намояндаи фахрии таъиншудаи Палатаи савдо ва саноати Русия дар Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
“Иҷрои ин вазифа ба уҳдаи соҳибкор Бобоҷон Шарифов вогузор шуда, 14 апрел ба ӯ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ин мақом супурда шуд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Гуфта шудааст, ки Сергей Катирин доир ба рушди робитаҳо миёни сохторҳои тиҷоратӣ, инчунин байни Палатаи савдо ва саноати Русия ва Тоҷикистон изҳори назар кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки то имрӯз байни палатаҳои минтақавии кишварҳо беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ имзо шудааст.
Дар ин мулоқот зикр шудааст, ки имкони афзоиши сатҳи гардиши мол байни кишварҳо, иштирок дар масоили сармоягузорӣ, ҳалли баъзе масоили гуманитарӣ ва бахши муҳоҷират вуҷуд дорад.
Коршинос: маркази тавзеъи маҳсулот гардиши савдо миёни Тоҷикистону Русияро беҳтар мекунад
Сергей Катирин иштироки бештари фаъолонаи тиҷорати Тоҷикистонро дар чорабиниҳои марбут ба намоишгоҳҳои соҳавӣ дар Русия таъкид сохта, зикр кард, ки доираҳои тиҷоратӣ ва ҷомеаи кишварҳо бояд бештар аз ин гуна чорабиниҳо дар ҳар ду кишвар огаҳӣ дошта бошанд.
Зимни вохӯрӣ ҳамчунин масоили муҳоҷирати корӣ низ баррасӣ шуд. Қайд карда шуд, ки ҳозир Русия ба қувваи корӣ шадидан ниёз дорад, лекин дар навбати аввал, ба кадрҳои ҳирфаӣ.
“Муҳоҷирон набояд таваккалӣ оянд, ба кӯшишҳои баъзе ширкатҳо ҷиҳати истифодаи муҳоҷирон ба манфиатҳои худ муқовимат мебояд. Муҳоҷирони омадаро забони русӣ омӯхтаву ба мутобиқ гардиданашон кумак кардан лозим аст, то ки ба ҳар ду ҷониб манфиатовар бошад", - изҳор дошт Катирин.
Ӯ ҳамчунин пешниҳод намудааст, ки барои таъмин намудани кормандон бо шароити хуб ва маоши баланд, мебояд аввал кадрҳоро дар Тоҷикистон омода ва сипас ба русия сафарбар кард.