Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия дар охири соли 2020 коҳиш ёфт

Дар семоҳаи охири соли 2020 муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои ИДМ интиқоли маблағҳоро ба ватани худ коҳиш доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апрел - Sputnik. Интиқоли пули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Русия ба Ватани худ дар семоҳаи чоруми соли 2020 нисбат ба давраи қаблӣ 9,6 дарсад коҳиш ёфт, иттилоъ додааст РИА Новости.
Тибқи иттилои Бонки марказии Русия, дар семоҳаи охири соли 2020 интиқоли пул танҳо ба Беларус ва Украина афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, ҳаҷми интиқоли пул ба ин кишварҳо 110,3 ва 159,8 миллион долларро ташкил дода, мутаносибан 30 дарсад ва 1,6 дарсад афзоиш ёфтааст.
Интиқоли пул аз Русия ба сатҳи пасттарин нишондиҳандаҳои се соли охир расид
Боқимондаи кишварҳои ИДМ тамоюли манфӣ нишон доданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон интиқоли пулро 23,7 дарсад коҳиш доданд. Дар маҷмӯъ, дар семоҳаи чорум ба Тоҷикистон 348,1 миллион доллар интиқол дода шудааст.
Интиқоли пул ба Туркманистон низ 25 дарсад коҳиш ёфт. Ба Қирғизистон - мутаносибан 20 дарсад коҳиш ёфта, 379,5 миллион долларро ташкил додааст.
Интиқоли пул ба ду кишвари дигари Осиёи Марказӣ, Қазоқистон ва Ӯзбекистон, 10 ва 4 дарсад коҳиш ёфта, айни замон, ба 34,3 ва 913 миллион доллар баробар шуд.
Омори Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Русия дар бораи интиқоли пул
Қаблан роҳбари Институти Шарқи Дури Академияи улуми Русия, профессори факултаи иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Мактаби олии иқтисодӣ Алексей Маслов қайд карда буд, ки Русия бузургтарин маблағгузори мардуми Тоҷикистон аст.
Маслов гуфт, ки Русия барои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ягона бозори устувор ва бузург табдил ёфтааст. Вай афзуд, ки дар оянда интиқоли пул ба ин кишварҳо афзоиш хоҳад ёфт.