БАТР барои беҳсозии низоми гармидиҳӣ дар Душанбе 11 миллион доллар медиҳад

Дар Вазорати молияи Тоҷикистон Созишнома оид ба пешниҳоди кафолати маблағгузории лоиҳаи “Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе” дар ҳаҷми 11,1 миллион доллар миёни Тоҷикистону Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон, созишномаи мазкурро вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари Намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар ҷумҳурӣ Айтен Рустамова ба имзо расониданд.
Қайд шудааст, ки лоиҳа дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он корҳои таҷдиду навсозии шабакаҳои барқии шиддати миёна ва паст, насби ҳисобкунакҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти ба он алоқаманд, инчунин сохтмону барқарорсозии зеристгоҳҳои барқии 110 кВ пешбинӣ карда шудааст.
Қарз барои анҷоми лоиҳа: Тоҷикистону БАТР созишномаи қарзӣ ба имзо расонданд
“Татбиқи лоиҳаи мазкур аз нимаи дуюми соли 2021 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад”, - таъкид доштааст дафтари матбуоти вазорати молия.
Ҳамзамон зикр шудааст, ки ҳадаф аз амалӣ гардидани лоиҳа муайян намудани сатҳи воқеии талафоти ғайримеъёри қувваи гармии интиқолшаванда дар миқёси шаҳри Душанбе, камхарҷ намудани арзиши истеҳсолии қувваи гармӣ, коҳиш ёфтани миқдори садамаҳо дар шабакаҳо ва ба ин васила баланд бардоштани даромаднокии он мебошад.