ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Владимир Путин раисиҷумҳури Русия хабар дод, ки имрӯз ваксини дуюмашро ҳам гирифт. Гуфта мешавад, Путин ин навбат ҳам бо яке аз ваксинҳои истеҳсоли ватанӣ эм карда шуд.
Ваксингирии дуюми кишвардори Русия бидуни аксу наворгирӣ анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, роҳбари Русия бори нахуст 23 март алайҳи маризии коронавирус эм гирифт. Қабл аз эмгирии кишвардор, сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков эълом намуд, ки лаҳзаи ваксингирии раисиҷумҳур оммавӣ намешавад, "чун инро худи Владимир Путин нахост".
Сипас худи президент дар як мусоҳиба вазъи худро дар аввалин рӯзҳои пас аз эмгирӣ шарҳ дода афзуд, ки чанд рӯз ҷойи сузангирифтагӣ дардманд шуд ва аз ин рӯ, муддати се рӯз ба ягон варзиш машғул нашуд.
Дар идома Владимир Путин гуфт, ки номи ваксине, ки бо он эм карда шуд, танҳо пизишки ӯ медонаду халос.
Бояд гуфт, ки Путин зимни нишасти матбуотии солонаи калон, ки 17 декабри соли 2020 баргузор шуд, нияти худро барои эмгузаронӣ аз коронавирус эълом кард.