Таъйинот дар сафар: Эргашев иҷрокунандаи вазифаи сурмуарраббии “Истиқлол” шуд

Мубин Эргашев, мутахассиси 48-солаи тоҷик, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол” – и шаҳри Душанбе таъйин шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тибқи иттилои бошгоҳи тими “Истиқлол”, Эргашев дорои иҷозатномаи мураббигии категорияи “Pro” буда, дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё иҷрокунандаи вазифаи сармураббии ин тим хоҳад буд.
Мубин Эргашев қаблан низ дар мақоми сармураббии дастаи “Истиқлол” ва тими мунтахаби миллии ҷумҳурӣ кор карда буд.
Ӯ дар вазифаи сармураббии тими бошгоҳи Душанбе, Виталий Левченкоро, ки тайи беш аз як соли охир сармурабии дастаи “Истиқлол” буд, иваз намуд.
Футболбозони “Истиқлол” дар Саудӣ бо қаҳрамонҳо сабқат мекунанд
Феълан дастаи фуболи “Истиқлол”-и Душанбе ҷиҳати иштирок дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё – AFC- 2021 дар шаҳри Риёз қарор дорад.
Дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқаи Лигаи қаҳрамонҳо, ки рӯзҳои 14-30 апрели 2021 дар шаҳри Риёз баргузор мегардад, дастаи Тоҷикистон бо тимҳои “Ал-Ҳилол”-и Арабистони Саудӣ, “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-и Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, “Ал-Ғарофа”-и Қатар ва “АГМК”-и Ӯзбекистон рақобат хоҳад кард.