ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Суғд, дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар пойтахт, Суғд вилояти беҳтарин дониста шуд.
Манбаъ аз қавли Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ, таъкид намудааст, ки озмуни ҷумҳуриявии гулҳо зери унвони “Сайри гули лола” бо амри Президент баргузор мешавад.
“Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, он ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлол бахшида шудааст”, - изҳор дошт Раҳмонзода.
Шоҳҷоизаи ин озмунро худи шаҳри Душанбе соҳиб шудааст.
Солҳои охир дар шаҳри Душанбе теъдоди боғу гулгаштҳо, ки ҳамчунин аз ҷониби вазорату идораҳо, мансабдорони алоҳида ва ҳукуматҳои вилоятҳо бунёд гардиданд, афзоиш ёфт.
Дар озмуни ҷумҳуриявӣ ҳамчунин Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе ва гулгашти назди Сирки давлатӣ беҳтарин дониста шуда, Гулнигор Ғафурова, корманди Муассисаи давлатии Боғи Ғалаба соҳиби ҷои аввал гардид.