Русия Туркияро мебандад: мавсими туристӣ дар соли 2021 чӣ мешавад?

Русия дар робита ба шадид шудани вазъи коронавирус дар Туркия равобити ҳавоӣ бо он кишварро масдуд кард. Илова бар ин, дар парвози ҳавопаймоҳо самти Танзания низ маҳдудиятҳо ҷорӣ гардиданд
Sputnik
Русия сар аз 15 апрел равобити ҳавоиро бо Туркия масдуд мекунад. Зеро дар он кишвар вазъи коронавирус якбора шадид шуд. Давоми чанд рӯзи ахир ҳудуди 50 ҳазор мавориди нави сироятшавӣ сабт мегардад, ки барои Туркия ин рақам аз авоили хуруҷи пандемия рекордӣ шуд.
Зимнан, ҳукумати Русия равобити ҳавоиро бо Танзания низ маҳдуд мекунад. Ҳарчанд ҳукумати кишварҳои африқоӣ омори сироятшавӣ ба коронаиврусро нашр намекунанд ва пофишорӣ доранд, ки Танзания давлати орӣ аз ин вирус аст.
Аммо Русия бар ин бовар аст, ки дар кишварҳои африқоӣ вазъият тамоман ранги дигар дорад. Маҳдудиятҳо дар парвози ҳавопаймои самти Танзания низ то 1 июн идома мекунад.
Русия равобити ҳавоӣ бо Туркияро маҳдуд кард: аз кай то кай
Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазири Русия, Татяна Голикова изҳор намудааст, ки "Русия пайваста вазъи коронаиврусро дар ин ду кишвар назорат мекунад ва дар сурати беҳбудӣ шаҳрвандонро ҳатман хабардор мекунанд".
Зимнан, дар кишварҳои аврупоӣ низ вазъият на он қадар хуб аст. Хуруҷи баҳории коронаиврус боз аксар кишварҳои Аврупоро водор намуд, то ба қарантин баргарданд.
Аммо дар Русия вазъият комилан дигаргун аст ва ба мисли кишварҳои аврупоиву амрикоӣ маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ нестанд.
Ба ин раванд вокуниши саривақтии ҳукумат ва ҳамчунин сатҳи баланди эмгузаронӣ таъсир расондааст.