Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Путин дар бораи вазъи саломатиаш пас аз ваксинагирӣ гуфт

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки худро пас аз эмгузаронӣ аз коронавирус чигуна эҳсос мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин пурра аз коронавирус эм гирифт. Имрӯз, чаҳоршанбе вояи дуввуми коронавирусро ба президент гузарониданд. Пас аз ваксиназанӣ Путин таъкид кард, ки худро хуб ҳис мекунад.
"Пайомади номатлубе нест ва умед дорам, ки намешавад", - таъкид кардааст президенти Русия.
Путин афзуд, ки пас аз вояи аввал дар ӯ иммунитети хуби зидди коронавирус ҳосил шуд.
Ёдрас мешавем, ки президенти Русия қисми аввали ваксинаи коронавирусро 23 март гирифта буд.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Владимир Путин ваксини дуюмро ҳам гирифт
Маълум нест, ки раисҷумҳур кадом ваксинаро интихоб кардааст, аммо гуфта мешавад, ки он истеҳсоли Русия аст.
Истисно нест, ки Путин метавонист аз ваксинаи "Спутник V" истифода барад, зеро маҳз ҳамин ваксинаи коронавирус дар ду давра ва дар байни 21 рӯз гузаронида мешавад.