ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Қаблан Навалний, ки дар муассисаи ислоҳии рақами 2-и вилояти Владимир нигоҳдорӣ мешавад, ба роҳбарияти муассиса шикоят кард, ки ба ӯ Қуръон ва дигар китобҳояшро намедиҳанд. Ӯ изҳор дошт, ки мехоҳад Қуръонро омӯзад, аммо дар зимн таъкид намудааст, ки мусалмон нест.
“Кӣ ба Навалний ҳуқуқи маънавӣ додааст, ки Қуръони каримро ёд кунад?”, - изҳор дошт Қодиров дар Telegram.
Ба гуфтаи Қодиров, “Навалний талош дорад, китоби муқаддасро ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода барад ва ҳатман иқтибосҳоеро барои иғво истифода хоҳад кард, ҳамчуноне, ки ба ин кор дер боз дар Аврупо омӯхта шудаанд”.
Раисиҷумҳури Чеченистон, мегӯяд, Навалний, ки алайҳи сохтмони масоҷид баромад мекунад, ба ҳамин васила мехоҳад, мусалмононро ба худ моил созад.
Ӯ аз номи мусалмонҳои Русия аз мақомоти маҳбас хост, “ба зиндонӣ иҷозат надиҳанд, ки адовати динӣ барангезад”.
Ба гуфтаи раисиҷумҳури Чеченистон, иҷозат аст, ки Қуръон дода шавад, “агар маҳбус аз кораш пушаймон шудааст, мехоҳад ба роҳи ҳақ равад, исломро қабул кунад ва бо тамоми қалб мехоҳад, садои Офаридгорро шунавад”.
Додгоҳи ноҳияи Симонови Маскав 2 феврал ҷазои шартии Навалнийро бекор карда, ба 3,5 соли зиндони низомаш умумӣ иваз кард. Ин бо дархости идораи зиндонҳо амалӣ шуд, ки ба иттилои ин ниҳод Навалний шароити ҷазои шартиро вайрон кард. Дар ниҳоят додгоҳи Маскав ин қарорро тасвиб кард.