ДУШАНБЕ, 7 апр – Sputnik. Аз Вазорати дифои Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки давоми 13 рӯзи маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ чанд дарсади нақшаро иҷро карданд.
Ба иттилои манбаъ, ВМКБ сад дарсади нақшаро иҷро карда, навоҳии тобеи марказ аз уҳдаи иҷрои 85, 3 дарсади нақша баромадаанд.
Аз рӯзи оғози маъракаи даъватӣ то ин дам иҷрои маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар вилояти Суғд 53,3 фоиз иҷро шуд.
Манбаъ афзуд, вилояти Хатлон 65 дарсад ва шаҳри Душанбе низ сад фоизи нақшаро иҷро намудааст.
Феълан дар Тоҷикистон даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона ҷараён дорад.
Даъвати имсолаи ҷавонон ба сафи артиш бо тартиби нав доир мешавад.
Ёдовар мешавем, дар Тоҷикистон қаблан қонуни нави ҳарбӣ ба тасвиб расид, ки навгонии асосии он хизмати пулакӣ мебошад
Агар қаблан донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо мехонданд, аз хизмати ҳарбӣ озод буданд, аммо тибқи тағйироти нав, ҳоло онҳо низ маҷбуранд, то як сол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат кунанд. Илова бар ин, Тоҷикистон ба мисли Қазоқистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон хизмати пулакиро ҷорӣ кард, аммо то кунун маблағи он дақиқ нест.
Ҳоло дар Тоҷикистон шумораи умумии ҳарбиён 9 ҳазор нафар гуфта мешавад. Илова бар ин 151,1 ҳазор ҷавонони Тоҷикистон дар синни аскарӣ қарор доранд.