ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Русия ҳаракати ҳавоӣ бо Туркияро аз 15 апрел то 1 июн маҳдуд мекунад, менависад РИА Новости.
Ба гуфтаи муовини сарвазири Русия Татяна Голикова, ситоди фаврӣ қарор кард, ки парвозҳои доимӣ ва чартериро маҳдуд кунад.
Ба изҳори Голикова, дар ин муддат миёни Туркия ва Русия танҳо ду парвоз дар як ҳафта боқӣ мемонаду халос.
Зимнан, сухангӯи Кремл низ дар таъйиди ин хабар изҳор намудаст, ки ҷорӣ намудани маҳдудияти парвозҳо миёни Туркия ва Русия ба вазъи бади эпидемиологии он кишвар вобастагӣ дорад.
Дмитрий Песков сару садоҳо дар мавриди он ки ин маҳдудиятҳо ба сафари кишвардори Ураина Владимир Зеленский ба Туркия рабт дорад, рад намуд ва изҳор дошт, ки "ин ба вазъи ташвишовари эпидемиологӣ дар Туркия вобаста аст".
Маврид ба зикр аст, ки дар Туркия давоми чанд ҳафта мешавад, ки шумораи ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба коронавирус мунтазам рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Агар дар миёнаи моҳи март мақомоти кишвар аз шаш то ҳашт ҳазор ҳолатро ба қайд гирифта бошанд, пас аз аввали апрел ин рақам ба 56 ҳазор расид.
Дар ҳамин ҳол, роҳбари Роспотребнадзор Анна Попова таъйид намудааст, ки маҳз навъҳои нави коронавирус ба Русия аз Туркия ворид мешаванд.