Мошинҳои русӣ дар Тоҷикистон истеҳсол ва ба Афғонистон фурӯхта мешаванд

Лоиҳаи ифтитоҳи як корхона дар Тоҷикистон барои Русия яке аз умедбахштаринҳост
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Ҳамкорӣ дар соҳаи автомобилсозӣ яке аз самтҳои умедбахш аст, гуфт Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар ҷумҳурӣ дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба изҳори ӯ, Тоҷикистон ва Русия дар роҳи таъсиси як корхонаи муштарак барои васл кардани устохонаҳои сайёри таъмир кор мекунанд.
Ин корхона дар қаламрави минтақаи озоди иқтисодии Панҷ ҷойгир хоҳад шуд.
Коренков гуфт, ки корхона устохонаҳои сайёри таъмири обу корез ва электротехника бунёд мекунад.
Ҳама мошинҳо дар заминаи ГАЗ, КамАЗ, Урал ва ғайра ҷамъ оварда мешаванд.
Евгений Коренков ҳамчунин гуфт, ки мошинҳои Русия на танҳо бозори Тоҷикистонро пур мекунанд, балки ба Афғонистон низ интиқол дода мешаванд.