Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Маълум шуд, чаро мардон бемории COVID -ро вазнинтар мегузаронанд

Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Доктори илмҳои тибб Одил Ғайбулло дар бораи гирифтории занону мардон ба COVID - 19 нақл кард.
Дар мусоҳиба дар радиои Sputnik Озарбойҷон ӯ қайд кард, ки омилҳои гуногун ба ҷараёни беморӣ таъсир мерасонанд.
"Мардон COVID-19-ро нисбат ба занон вазнинтар мегузаронанд, ин ба хусусиятҳои генетикӣ вобаста аст. Омор нишон медиҳад, ки ин беморӣ дар мардон душвортар мегузард, аммо дар занон низ ҳолатҳои вазнин дучор мешавад", - шарҳ дод пизишк.
Ба гуфти коршинос, ин вазъро бо заминаи гормоналии шахси муайян шарҳ додан мумкин аст. Сабаби дигар ин бемории роҳи нафас, алахусус, дар мардони тамокукаш мебошад.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Афзоиши маргу мир аз COVID - 19 давоми 7 ҳафтаи охир дар ҷаҳон
Вай афзуд, ки бо вуҷуди омор, дар ин бора ҳанӯз шарҳи дақиқе маҷуд нест ва таҳқиқот идома дорад.