Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ

"Дуздӣ"-и беш аз 2 миллион сомонӣ маоши кормандони неругоҳи Норак: агентӣ гуфт, кӣ гирифт

Агентӣ мегӯяд, боздоштшудаҳо бо воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандони ин неругоҳро ба миқдори 2 миллиону 383 ҳазоро азхуд намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Агентии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти ду масъули моддии неругоҳи барқии обии "Норак" хабар медиҳад, ки дар тасарруфи музди меҳнати кормандон гумонбар дониста мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, тафтиши фаъолияти молиявии хоҷагии ин неругоҳ бо фармоиши роҳбари Ожонсии зидди фасод, моҳи январи соли ҷорӣ сурат гирифт.
Дар рафти тафтишот муайян гардид, ки шахсони маъули ин бахш, аз ҷумла О.В. ва Л. И. бо воситаи 38 корти пластикӣ, музди меҳнати кормандонро ба маблағи 2 миллиону 383 ҳазор сомонӣ тасаруф намудаанд.
Оҷонсии зидди фасод барои 13 мансаби холӣ коргар меҷӯяд: маош аз 670 то 1300 сомонӣ
Манбаъ меафзояд, аз маблағи зарари ошкоркардашуда дар рафти санҷиш 1 миллиону 818,5 ҳазор сомонӣ барқарор карда шуд.
Ба ҳамин минвол, нисбати О.В. ва Л.И. бо моддаи 245 қисми 4 банди "б" ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Феълан, назари ҷониби боздоштшудаҳо ва ҳимояткунандаҳои онҳо дар робита ба қазияи тасарруфи маоши кормандони неругоҳи мазкур, рӯи даст нест.