Ифтор ва саҳарӣ кунанд: "Барқи тоҷик" "лимит"-ро дар Рамазон коҳиш медиҳад

Лимити барқ дар бахши хонагии Тоҷикистон пас аз 20 сол дар соли 2018 ба поёни расид, аммо аз 6 январи имсол аз сар гирифта шуд, манотиқи рустоиро ҳам фаро гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. "Барқи тоҷик" лимити барқро дар моҳи Рамазон коҳиш медиҳад.
Дар ин бора расонаҳо дар истинод ба сухангӯи ширкат Нозирҷон Ёдгорӣ хабар медиҳанд.
"Аз рӯзи сешанбеи 13 апрел заминаи афзоиши интиқоли барқ дар саҳаргоҳон ва шомгоҳон фароҳам хоҳад шуд то мардум битавонанд ба роҳатӣ саҳарӣ бихӯранд ва ифтор кунанд", - менависад "Парстудей" дар истинод ба Ёдгорӣ.
Аммо вай аз эъломи мизони дақиқи афзоиши соати интиқоли барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон худдорӣ кард.
Ҳукумати Тоҷикистон 5 миллиард қарзи "Барқи тоҷик"- ро бахшид
Ҳамчунин сухангӯи ширкати Барқи тоҷик таъкид кард, ки замони дақиқи лағви маҳдудияти барқ дар ин кишвар мушаххас нест ва бастагӣ ба афзоиши вуруди об ба сади нерӯгоҳи барқи обии Норак хоҳад дошт.
Лимити барқ дар бахши хонагии Тоҷикистон пас аз 20 сол дар соли 2018 ба поёни расид, аммо аз 6 январи имсол аз сар гирифта ва манотиқи рустоиро ҳам шомил шуд .
Маҳдудияти интиқоли барқ дар манотиқи рустоии Тоҷикистон аз соати 23 шаб то 5 субҳ иҷроӣ шудааст.