ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Наталя Дембинская. Ахиран Парлумони Аврупо ба тадбирҳои шадиди ҳамоҳангшуда даъват кард. Таҳдид чист ва оё системаи молиявии Русия ба чунин сенария омода аст?
Боз гапи куҳна
Зиёда аз 11 ҳазор ташкилот дар дусад кишвар ба системаи байналмилалии байнибонкӣ барои интиқоли иттилоот ва пардохтҳои SWIFT пайвастанд. Русия яке аз се оператори калонтарини SWIFT ба ҳисоб меравад ва аз соли 2014 инҷониб ин кишварро аз қатъшавӣ ба ин низоми молиявӣ таҳдид мекунанд. Сабабҳо гуногунанд - Қрим, Донбасс, парвандаи Скрипалҳо ва вазъ бо блогер Алексей Навалний. Ҳамин ки Ҷо Байден ба ҳайси президенти Иёлоти Муттаҳида ба кор шурӯъ кард, ваъда дод, ки Русияро аз SWIFT хориҷ мекунад.
Дар моҳи декабр, Reuters бо истинод ба манбаъҳои огоҳ нақшаи Ҷо Байден дар мавриди "муҷозот" намудани Маскавро эълон кард. Ин бояд ба "талафоти ҷиддии иқтисодӣ, молиявӣ ё технологӣ барои Русия" оварда расонад. Як намуди муҷозот қатъи Русия аз SWIFT аст, гуфт Ҷеймс Эндрю Люис, коршиноси амнияти кибер дар Маркази Таҳқиқоти Стратегӣ ва Байналмилалӣ дар Вашингтон.
Дар моҳи апрел вазъ дар шарқи Украина шиддат гирифт ва ин як баҳонаи дигра аст. Мавзӯъ дар Аврупо бардошта шуд. Тавре ки роҳбари фраксияи пешбари парлумони Аврупо - Ҳизби халқии Аврупо - Манфред Вебер изҳор дошт, Маскав "раванди иғвоҳои хатарнокро идома медиҳад".
Ба ақидаи ӯ, Маскав бо "тақвияти ҳузури низомии худ" дар наздикии марз бо Украина, сабри Ғарбро месанҷад. Аз ин рӯ, ИМА ва ИА бояд посухи ҳамоҳангшуда диҳанд.
Мушкилот хоҳад буд
Аз як тараф, Русия Системаи Паёмнависии Молиявии худро (FMS) дорад, ки соли 2014 оғоз ёфт. Тамоми бонкҳои Русия ва тақрибан даҳ бонки хориҷӣ аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭО) ба он пайвастанд. Пас аз хориҷ шудан аз SWIFT, бонкҳо ба низоми ҳамшабеҳи русии худ хоҳанд гузашт.
Аммо, барои пардохтҳои байналмилалӣ, SPFS ҳанӯз ҷойгузини комил нест, бинобар ин барои Русия ин зарба ҷиддӣ хоҳад буд. Коршиносон қайд мекунанд, ки ҳаҷми амалиёти содирот ва воридоти Русия бо доллар ва евро назаррас аст ва барои бисёр хариду фурӯши гурӯҳҳои маҳсулот пайдо намудани роҳҳои алтернативӣ ғайриимкон аст.
Ҳама чиз ҳалшаванда аст
Аммо, ба ҳар ҳол, фалокат рух намедиҳад.
"Худ аз худ канда шудани бонкҳои Русия аз SWIFT танҳо афзоиши хароҷот ва суст шудани амалиётҳои молиявӣ байни ҷонибҳоро дар назар дорад. Аён аст, ки занҷирҳои анъанавӣ вайрон мешаванд ва барои барқарор кардани онҳо каме вақт лозим аст. Аммо ин метавонад дар як ё ду ҳафта сурат гирад", - гуфт Олег Богданов, таҳлилгари пешбари QBF.
Ин як масъалаи дигар аст, меафзояд коршинос, агар мунҷамид шудани маблағҳои долларии сокинони Русия ба амал ояд, он гоҳ вокуниши ваҳм дар бозорҳо имконпазир хоҳад буд. Тағйирёбии шадиди асъор ногузир аст. Аммо, пас аз як муддати кӯтоҳи нооромӣ, рубл ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.
Зарар ба худ
Аммо, ҷанбаи дур кардани Русия аз SWIFT ишора мекунад, ки корҳо аз таҳдидҳо берун нахоҳанд рафт.
Аввалан, SWIFT як ширкати хусусист, ки аз бонкҳои Русия пул кор мекунад. Гузашта аз ин, онҳо ин системаро на танҳо барои амалиёти байналмилалӣ, балки барои интиқоли дохилии байнибонкӣ низ истифода мебаранд.
Барои аз ҳам ҷудо кардани SWIFT, қарори ИА ё таҳримоти ИМА алайҳи SWIFT лозим аст. Аммо дар ин ҳолат шарикони тиҷории Русия - тиҷорати Аврупо ва Амрико бекор хоҳанд монд.
Ба Иёлоти Муттаҳида низ душвор мешавад. Аввалан, Вашингтон ба SWIFT, ки марказаш дар Белгия ҷойгир аст, танҳо таъсири фарзӣ дорад. Дуввум, Русия метавонад бо таҳримоти шадид алайҳи бонкҳо ва сиёсатмадорони амрикоӣ интиқом бигирад.