Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист ифтитоҳ шуд

Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби бинои нави маъмурӣ гардиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 апрел - Sputnik. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба муносибати таҷлили 30 - солагии Истиқлол бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зист, мавриди истифода қарор дода шуд.
Ин бино бо ширкати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, ки бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон ҳузур дорад, ба баҳрабардорӣ расид, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Оғози сафари кории Қоҳир Расулзода ба Хатлон: нахуст ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ рафт
Гуфта мешавад, ки масоҳати умумии бино 400 м3 -ро ташкил дода, он аз 3 ошёна, 5 утоқи корӣ, 2 утоқи истироҳатӣ ва 1 адад толори хурд барои баргузории маҷлисҳои бахш иборат мебошад.
Фармоишгари бинои маъмурӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ ҶДММ “Дилафрӯз” мебошад.
Зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Баъди норозигии сарвазир аз мансабдорони Кӯлоб: чӣ тағйир ёфт?
Манбаъ афзуда, ки атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.