ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар кишварҳои Халиҷи Форс оғози моҳи мубораки Рамазон ба таъхир гузошта шуд, менависад РИА Новости.
Ба хабари манбаъ, Додгоҳи олии Арабистони Саудӣ рӯзи 11 апрел эълон кард, ки баромадани моҳи навро касе мушоҳида накард ва аз ин рӯ моҳи Рамазон дар кишварҳои Халиҷи Форс аз рӯзи душанбе оғоз нахоҳад шуд.
"Аз сабаби номумкин будани пайдоиши ҳилоли нав, суд фардо бегоҳ ҷамъ омада, дар бораи оғози моҳи Рамазон тасмим мегирад", - омадааст дар иттилоия.
Зимнан, аксар кишварҳои арабӣ дар ин масъала мавқеи Арабистони Саудиро пайгирӣ мекунанд.
Ҳамакнун санаи оғози моҳи мубораки Рамазон дар Миср, Ироқ, Тунис, Ливан, Кувайт, Яман ва Аморати муттаҳидаи Араб номаълум аст.
Ёдовар мешавем, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон санаи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазонро рӯзи 13 апрел гуфта буд.
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.
Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.